Ссылки доступа

Додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров боздошт шуд


Рашид Қодиров, додситони кулли пешини Ӯзбекистон 22 феврал дар шаҳри Тошканд боздошт шудааст. Дар ин бора ба радиои "Озодлик" як манбаъ дар додситонии кулли Ӯзбекистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай, даҳ рӯз пеш писари 42-солаи додситони кулли пешин Алишер Қодиров аз кишвар фирор кардааст.

22 феврал дар додситонии кулли Ӯзбекистон гуфтанд, ки дар бораи боздошти Қодиров иттилое надоранд. Вале ҳамсуҳбати мо мегӯяд, Рашид Қодирови 66-сола дар бинои асосии ниҳоде мавриди бозпурсӣ қарор дорад, ки тайи чанд соли ахир онро раҳбарӣ мекард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамроҳ бо Қодиров ду мансабдори баландпояи пешини додситонии кулли Ӯзбекистон дастгир шудаанд. Зидди Қодиров, ки ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст, бо ҷурми "азхудкунии пулҳои буҷа дар ҳаҷми калон" ва "пулшӯӣ" айб эълом кардаанд.

Рашид Қодиров баъд аз 15 соли раҳбарии додситонии кулли Ӯзбекистон моҳи апрели соли 2015 аз мақомаш барканор шуда буд.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 августи соли 2017 дар як ҷаласаи худ мақомоти додситонии кишварашро сахт интиқод карда, кормандони ин соҳаро "бузургтарин дуздҳо" номид. Ӯ ба ин ҳама додситони кулли пешин Рашид Қодировро масъул донист.

Президент Мирзияев назвал узбекских прокуроров «самыми большими ворами»
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:29 0:00

XS
SM
MD
LG