Ссылки доступа

Марги як коргари "Қазоқмис" баъди маҷруҳ шудан дар коргоҳ


Иллюстративное фото.
Иллюстративное фото.

Ширкати "Қазоқмис"-и Қазоқистон хабар дод, ки як коргараш баъди ҷароҳат бардоштан дар коргоҳ вафот кард.

Ба иттилои маркази матбуотии ширкати мазкур, коргари соли таваллудаш 1994 ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмат дар таърихи 21 феврали соли ҷорӣ ҷароҳат бардошт.

"Маҷруҳшуда ба бемористон интиқол дода шуд. Вале баъди ҷарроҳӣ шудан вафот кард", - хабар дод маркази матбуотӣ.

Ширкат мегӯяд, барои таҳқиқи ҳодиса комисияи махсус ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG