Ссылки доступа

Дар Қирғизистон табибе 8 соат раги захмиеро қапида, ҷарроҳро мунтазир шудааст


Дар Қирғизистон табиби беморхонаи минтақавии вилояти Талас то омадани ҷарроҳ раги хунгарди шахси захмиеро 8 соат қапида истодааст.

Ӯ тайи ин муддат омадани ҷарроҳ Марина Иброҳимоваро аз шаҳри Бишкек мунтазир шудааст. Тавре табиб Элзар Токтоназаров дар Фейсбук иттилоъ дод, бемор дар натиҷа зинда монд.

Шаби 21 феврал тақрибан соатҳои 20:00 марди 30-солаеро бо захми корд ба беморхонаи минтақавии вилояти Талас интиқол доданд. Масъулони беморхона маҷбур шуданд, барои ҷарроҳии ӯ, ки вазъаш вазнин буд, аз Бишкек табиб даъват кунанд.

Ба гуфтаи Токтоназаров, дар ҳоли ҳозир, вазъи бемор муътадил аст. Ӯ дар ҳолати мастӣ бо нафаре ҷанҷол карда, захм бардоштааст.

XS
SM
MD
LG