Ссылки доступа

Ҳавопаймои Патрушев 400 кило кокаинро аз Аргентина ба Москва интиқол додааст


Русия як шаҳрванди худ бо номи мустаори Мистер К.-ро, ки муқими Олмон аст, ҳадафи пайгарди қонунӣ қарор додааст. Ӯ дар кӯшиши интиқоли 400 кило кокаин ба воситаи почтаи дипломатӣ аз Аргентина ба Русия айбдор мешавад.​

Ба навиштаи "Медиазона", моҳи декабри соли 2016 сафири Русия дар Аргентина Виктор Коронеллӣ ба пулис хабар додааст, ки дар ҳудуди мактаби намояндагӣ 12 халтаи шубҳанок мавҷуд аст ва онҳо бояд ба воситаи почтаи дипломатӣ ба кишвараш интиқол ёбанд.

Ба гуфтаи вазири амнияти Аргентина Патрисия Буллрич, Коронеллӣ калиди бинои мактабро ба маъмурони амниятии ин кишвар додааст, то халтаҳоро санҷанд. Аз дохили халтаҳо 389 кило кокаин пайдо шудааст, ки арзиши умумиашон дар Русия тақрибан 50 миллион евро аст.

Бастаҳои кокаинро маъмурони амниятӣ дар давоми 1 соат ба бастаҳои орд иваз ва барои пайдо кардани соҳибони бор дар Русия дар халтаҳо дастгоҳи GPS насб кардаанд. Бастаҳои орд моҳи декабри соли 2017 ба воситаи почтаи дипломатӣ ба Русия интиқол дода шуданд.

Худи ҳамон моҳ котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев барои иштирок дар маросими савгандёдкунии президент Маурисио Макрӣ ба Аргентина рафта буд. Ба иттилои Telegraph, ҳамчунин Патрушев вазифадор будааст, ки халтаҳои ордро то ба Русия ҳамроҳӣ кунад. Telegraph манбаи иттилои худро ошкор намекунад ва ин хабар расман низ тасдиқ карда намешавад.

Дар натиҷа 6 нафар, аз ҷумла корманди пешини сафорати Русия дар Аргентина ва раҳбари бунёди MORAL (Ҳомиёни православҳои рус дар Амрикои Лотинӣ) боздошт шуданд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова 23 феврал гуфт, тариқи почтаи дипломатӣ ҳеч гуна кокаин ё бастаҳои орд ба кишвараш интиқол наёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, бастаҳои кокаинро корманди техникии сафорат мехост, ба Русия интиқол диҳад, ки шиносномаи дипломатӣ ва ҳаққи истифода аз почтаи дипломатиро надошт.

XS
SM
MD
LG