Ссылки доступа

Наздикони сардори ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Кӯлоб ба худкушии вай бовар надоранд


Азизмад Юсупов
Азизмад Юсупов

Пайвандони Азизмад Юсупов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Кӯлоб, ба фарзияи худкушии ӯ бовар надоранд ва аз мақомот хостаанд, ки ин қазияро ҷиддӣ таҳқиқ кунанд. Онҳо мегӯянд, ҷое, ки фарзандашон гӯё худкушӣ кардааст, чандон баланд нест ва пойҳояш ба замин мерасиданд.

Далерҷон Бобоев, писари холаи Азизмад Юсупов, рӯзи 23-юми феврал гуфт, ҷасадро дар симе овезон ёфтанд. “Пойҳояш дар замин буд. Ягон ҷойро харошидагӣ набуд, ки ҷон кандааст. Пайе ҳам набуд. Танҳо гулӯяш дар сим баста буд”, - афзуд ӯ.

​Солеҳ Юсупов, падари Азизмад Юсупов гуфт, “додситон ба ман гуфт, ки худкушӣ кардааст. Барояш ҷавоб додам, ки бовар надорам. Маро мебахшед, таҳхона паст аст, сари одам мерасад. Агар одам худро овезад, дасту по мезанад. Фарзияи ман ин аст, ки писарамро аз қафо нафасгир карда, баъд оварда мондаанд”.

Ҳамсари Азизмад Юсупов низ ба фарзияи худкушӣ бовар надорад, ҳарчанд мегӯяд, рафтори шавҳараш он рӯз маъмулӣ набуд. “Хона даромад, духтарам дар гаҳвора буд. Сарпӯшашро гузошту духтарамро бӯса кард. Чанд бор бӯсид, писарамро ҳам бӯсид. Гуфт, ки ҷойгаҳатонро андозед, баъд баромада рафт... дигар наомад”, - нақл кард Мавзуна Бухориева.

Капитани собиқадори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки сипосномаҳои зиёде дорад, ба қавли падараш, ба кор содиқ буд ва шикояте надошт. Мақомоти интизомии Кӯлоб, ки марги Азизмад Юсуповро таҳқиқ мекунанд, мегӯянд, ӯ баъди ҷанҷол бо хешовандони ҳамсараш худро куштааст. Ташхиси ҷасад ҳам вуҷуди машрубот дар таркиби хунашро нишон додааст. Барои ҳамин тамаркузи мақомот сари фарзияи худкушӣ аст.

Як мақоми интизомӣ дар Кӯлоб, ки аз қазия огоҳ аст, гуфт, “тибқи тафтиши аввалия, Азизмад Юсупов бо хусурбачаҳояш ҷанг кардааст. Дар натиҷа ду нафари дигаре, ки ҳамроҳи Азизмад буданд, захм бардоштаанд. Баъд Азизмад шабонгаҳ маст шуда, мехост дар ваннаи хонааш даст ба хукушӣ занад. Чун занаш аз ин огоҳ мешавад, пешгирӣ мекунад. Занаш ҳамон шаб баромада, ба хонаи хусуру хушдоманаш меравад. Шавҳараш, яъне Азизмад дар хона танҳо мемонад ва худкушӣ мекунад.”

XS
SM
MD
LG