Ссылки доступа

Қирғизистон бо 36 млн доллари кумаки хориҷӣ ба деҳаҳои беобаш об меорад


Эътилофи байналхалқии рушд ба лоиҳаи "Рушди устувори обёрӣ ва назофати деҳот"-и Қирғизистон 36 миллион доллари дигар ҷудо мекунад. Порлумони Қирғизистон имрӯз созишномаи обёриро имзо кард.

Арзиши умумии лоиҳа 43,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 16,2 миллиони Эътилофи байналхалқии рушд грант, 19,8 миллионаш қарз аст. Саҳми ҳукумати Қирғизистон дар ин лоиҳа 7,2 миллионро дар бар мегирад.

Қарзи Эътилофи байналхалқии рушд барои 38 сол дода мешавад. Дар доираи ин лоиҳа 53 деҳаи вилоятҳои Ӯш, Чуй ва Иссиқкӯл обёрӣ мешавад.

Мақомоти қирғиз мегӯянд, наздики як миллион аҳолии ин кишвар аз камбуди оби ошомиданӣ ранҷ мебаранд.

XS
SM
MD
LG