Ссылки доступа

Шокир Холдоров барои таҳқири намозгузорон "танбеҳ гирифт"


Оҷонси хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон рафтори Шокир Холдоров, масъули бахши дин ва танзими расму оинҳо дар ноҳияи Рӯдакиро баррасӣ ва ӯро бар асоси Кодекси одоби хидмати давлатӣ “муҷозот кардааст”.

Ин Оҷонсӣ ба ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳод намудааст, то ӯро аз мақом сабукдӯш кунанд. Як манбаъ дар Оҷонси хидмати давлатӣ гуфт, Холдоров Кодекси одоби хидматчии давлатиро “дағалона вайрон кард”.

Як навор бо ҳузури Шокир Холдоров моҳи октябри соли гузашта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва баҳсбарангез шуд. Вай дар ин навор бархе аз намозгузорони масҷиди деҳаи Меҳрободи ҷамояти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакиро ҳақорат медод. Холдоров иддао дошт, ки ин масҷиди деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ ғайриқонунӣ ҳаст ва сокинон бо вуҷуди манъ будан дар он намоз мегузоранд.

Худи Шокир Холдоров низ охири моҳи октябри соли гузашта аз дағалгуфториаш дар саҳни масҷиди Меҳробод ба шиддат изҳори таассуф карда, барои ҳарфҳои дағалонааш бахшиш пурсид. Вай гуфт, “дар дохили хонаи Худо ягон ҳарфе назадам. Вақте берун шудем, асабӣ карданд. Мисли инки махсус ташкил шуда буд. Рагҳои асабам хест, суп-сурх шудам ва ҳарфҳои дағал ба забонам омад. Албатта, бахшиш мепурсам. Воқеан, барои чанд ҳарфи дағалонае, ки дар саҳни масҷид гуфтам, узр мепурсам.”

Холдоров он замон бар асоси моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба андозаи 500 сомонӣ ҷарима пардохт намуда буд.

XS
SM
MD
LG