Ссылки доступа

Модари ҷангии кушташудаи тоҷик модел шуд


Хосият Шерова

Як зани тоҷик, ки писараш чор соли пеш дар сафи ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) дар Сурия кушта шуд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо мақомот барои бонувони миёнасоли тоҷик анвои либосҳои тавсиявии миллиро тарғиб мекунад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон 26 феврал чанд намунаи либоси миллиро нашр кард, ки пӯшиданашон ба занҳои тоҷик машварат дода мешавад. Хосият Шерова, сокини 51-солаи шаҳри Кӯлоб яке аз нӯҳ зане буд, ки либоси миллии атласро дар ин тарҳ муаррифӣ кард ва акси ӯ ҳам дар дастурамали либосҳои тавсиявӣ нашр шуд.

Сомонаи "Akhbar Sham", ки худро "сомонаи муҷоҳидон ва ансори Шом" меномад, охирҳои моҳи марти соли 2014 хабар дод, ки дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Сурия се ҷавон аз кишварҳои шӯравии пешин, аз ҷумла як зодаи Тоҷикистон бо лақаби Абуаҳмад Тоҷикӣ ҷон бохтанд.

Ба иттилои сомона, Абуаҳмад сокини шаҳри Кӯлоб буда, баҳори соли 2013 ба Сурия рафтааст. Ӯ 22 марти соли 2014 дар натиҷаи ҳамла ба куҳи Шувайх кушта шуд. Баъд аз нашри чанд аксаш дар Интернет сокинони маҳаллаи 9-уми Кӯлоб гуфтанд, ки ӯ ҳамсояи онҳо - Бахтиёр Шеров аст.

Хосият Шерова пропагандирует национальную одежду женщин среднего возраста
Хосият Шерова пропагандирует национальную одежду женщин среднего возраста

Хосият мегӯяд, писараш пеш аз пайвастан ба ДИ либоспушии ӯро эрод мегирифт. Ба гуфтаи ӯ, писарашро маҳз “бегонапарастӣ” ба ҷангҳои Сурия бурд ва ҳоло вай тасмим гирифтааст, бо тарғиби либоси миллӣ зидди ин падида мубориза кунад. ​“Нав фаҳмидам, ки ақидаи бачаҳоро аз ҳамин эрод гирифтан ба либоси миллӣ вайрон мекардаанд”, - гуфт ӯ.​

Моҳе пеш як гурӯҳи корӣ зери раҳбари Зевар Давлатзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон аз миёни чанд зан ӯро интихоб кардаанд, то намунаи либоси миллӣ барои миёнасолонро ба бар кунад.

Абу Ахмад Таджики, он же Бахтиёр Шеров
Абу Ахмад Таджики, он же Бахтиёр Шеров

Хайрулло Тоҳиров, раҳбари Раёсати фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб гуфт, либоспӯшии ин зан мавриди писанди ҳайати вазорат қарор гирифт. “Намунаи либосҳои худашро овард. Либосҳои зиёди миллӣ дорад. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ хеле фаъол аст. Симои тоҷикона дорад. Бисёр содиқона кор мекунад. Барои ҳамин либос барои миёнасолро ӯ ба бар кард”, - гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG