Ссылки доступа

Падари вакили боздоштшудаи қирғиз мегӯяд, писараш қазоқ нест


Асилбек Супатаев, падари вакили порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулу иддаои мақомоти Қазоқистон дар бораи онро ки писари ӯ қазоқ аст, рад кард. Супатаев гуфт, писараш дар Қарокӯли Қирғизистон таваллуд ва бузург шудааст.

Ба гуфтаи Супатаев, наздикони Асилбек уулу дар бораи шаҳрвандии дувуми ӯ хабар надоранд. "Писарам дар Қарокӯл таваллуд шуда, баъд аз хатми синфи 8-ум ба мактаби варзишии шаҳри Бишкек дохил шуд. Хабарҳо дар бораи он ки гӯиё ӯ дар Қазоқистон таваллуд шудааст ва миллаташ қазоқ мебошад, асос надоранд", - изҳор дошт падари вакили қирғиз.

Ӯ тасдиқ кард, ки ному насаби писараш дар аввал Динорбек Супатаев буд ва баъдан онро ба Дамирбек Асилбек уулу иваз кард.

15 ва 16 феврал дар натиҷаи як амалиёти махсуси кормандони мақомоти қудратии Қазоқистон 29 нафар бо гумони қочоқи молу маҳсулот дастгир шуданд. Дар миёни онҳо 3 шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла вакили порлумон Дамирбек Асилбек уулу ҳам ҳастанд.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон иттилоъ дод, ки вакили қирғиз шаҳрвандии ин кишварро ҳам дорад ва расонаҳо бо истинод ба вазорати корҳои дохилии Қазоқистон навиштанд, ки миллати вакил қазоқ аст.

XS
SM
MD
LG