Ссылки доступа

Путин ба риояи оташбаси башардӯстона дар Ғутаи Шарқӣ дастур дод


Президенти Русия Владимир Путин ба вазири дифои ин кишвар Сергей Шойгу дастур дод, ки риояи оташбаси ҳаррӯзаи башардӯстонаро дар Ғутаи Шарқии Сурия таъмин кунад. Барои кумак ба сокинони осоишта ва ихроҷи захмиён ҳар рӯз задухӯрдҳои мусаллаҳона бояд аз соати 9 то 14 қатъ шаванд.

Аъзои Шӯрои амнияти СММ 24 феврал қатъномаи эъломи оташбаси 30-рӯзаро дар Ғутаи Шарқӣ якдилона ҷонибдорӣ карданд. Дабири кулли созмон Антониу Гутерриш аз ҷонибҳои даргир даъват кард, ки фавран оташбаси 30-рӯза эълом кунанд. То дастури Путин ба Шойгу Русия мегуфт, ки оташбас танҳо баъд аз созиши ҷонибҳо барои риояи он эълом карда мешавад.

Гутерриш дар ҷаласаи бози солонаи Шӯрои амният оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, бахшҳои башардӯстонаи СММ омодаанд, ба сокинони Ғутаи Шарқӣ ва ихроҷи захмиён кумак расонанд. "Ғутаи Шарқӣ наметавонад мунтазир бимонад. Ҳоло замоне фаро расидааст, ки ба ин дузахи рӯи замин бояд хотима бахшид", - афзуд дабири кулли СММ.

Маркази назорати ҳуқуқи инсон дар Сурия мегӯяд, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ва тирпаронии 26 феврал 9 сокини осоишта ҷон бохтаанд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, як рӯз пеш аз он, зидди сокинони осоишта хлор истифода шудааст. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, дар Ғутаи Шарқӣ "террористон" сокинони маҳаллиро ҳамчун "асир" истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG