Ссылки доступа

Назарбоев: фаъолияти порлумону ҳукумат бояд бо забони давлатӣ сурат гирад


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон рӯзи 26 феврал дар мулоқот бо вазири иттилоот ва иртибототи кишвараш Даврон Абаев дастур дод, ки "фаъолиятро дар самти боло бурдани мақоми забони қазоқӣ идома диҳад". Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

"Ҷараёни гузариш ба алифбои лотинӣ барои мардуми мо аҳамияти таърихӣ дорад. Ҳамзамон бояд корро дар самти боло бурдани мавқеи забони қазоқӣ идома дод. Фаъолияти порлумон ва ҳукумат бояд бо забони давлатӣ сурат гирад. Вале набояд дар ин марҳила ҳуқуқи шаҳрвандон поймол гардад. Барои ин имконияти тарҷумаи ҳамзамонӣ вуҷуд дорад", - гуфт Назарбоев. Вале вай дақиқан нагуфт, ки ҷараёни гузариш ба алифбои лотинӣ чанд муддатро дар бар мегирад.

Ду сол пеш Назарбоев дар ҷаласае дар Алмато гуфта буд, "Ба ман хабар мерасад, ки одам бо забони русӣ суҳбат мекунад, дар иваз ба вай бо забони қазоқӣ посух медиҳанд. Кӣ иҷозат додааст? Чаро додситонӣ риоя нашудани қонунҳои Қазоқистонро намесанҷад? Агар одам бо забони русӣ суҳбат кард, бояд посух ҳам русӣ бошад".

Ҳафтаи гузашта мақомоти Қазоқистон алифбои нави лотиниро тасдиқ карданд. Ин алифбо бояд то соли 2025 дар Қазоқистон ҷойгузини алифбои кирилӣ шавад.

XS
SM
MD
LG