Ссылки доступа

Ёвари имоми ӯзбек "нашъафурӯшӣ" мекард


Мақомоти Ӯзбекистон дар вилояти Сурхандарё як нашъамандро боздошт карданд. Вай гуфт, ки маводи мухаддирро аз кӣ дастрас мекард. Нашъафурӯш ёвари имоми маҳаллӣ буд, хабар медиҳанд мақомоти Ӯзбекистон.

Боздошти марди нашъаманд 21 феврал сурат гирифт. Аз вай 4,6 грамм бангдона пайдо шуд.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки сокини боздоштшуда маводи нашъаоварро аз ёвари имоми масҷиди ба номи "Умари Одил" А. Мелбоев дастрас кардааст.

Дар пайи ин боздошт мақомот як нашъафурӯши дигарро ҳам дастгир карданд. Аз манзили вай бештар аз 10 кило ҳашиш ва зиёда аз 3 кило нашъа пайдо гардид. Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG