Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон муштариёни "пирамида"-и "Аҳмадбой"-ро рӯйхат мекунанд (видео)


Ахмад Турсунбаев

Додситонии вилояти Тошканд номнависи муштариёни "пирамидаи молӣ"-и соҳибкори маҳаллӣ Аҳмад Турсунбоев, мулаққаб ба "Аҳмадбой"-ро оғоз намуд. Худи "Аҳмадбой"-ро додгоҳ ҳафтаи гузашта 13 сол зиндонӣ кард.

Бино ба хабарҳо, ин раванд аллакай дар чанд ноҳияи Тошканд, аз ҷумла Янгиюл ва Чиноз, ки муштариёни Турсунбоев аслан дар онҷо ба сар мебаранд, ҷараён дорад. Даҳҳо муфаттиши додситонии Тошканд 21 феврал дар биноҳои Ҳунаристони иқтисодии Чиноз ва Коллеҷи техникии Янгиюл ситодҳои махсус ташкил кардаанд.

"Дар рӯзи аввал ба ситод дасти кам 3 ҳазор одам омад. Онҳо баъд аз нишон додани шиносномаҳои худ барои мулоқот бо муфаттишон роҳхат гирифтанд. Дар ин роҳхат рӯзу соати мулоқот навишта шудааст. Муфаттишон бо онҳо мулоқот карда, шикояташонро ба қайд хоҳанд гирифт", - гуфт намояндаи яке аз ситодҳо 21 феврал.

Бино ба иттилои расмӣ, дар доираи парвандаи Аҳмад Турсунбоев 12,5 миллион доллар бо шумули амволи ғайриманқул, мошин ва ашёи гаронбаҳо мусодира шудаанд. Ба шаҳрвандоне, ки натавонистанд моли худро аз Турсунбеков пас гиранд, тавсия дода мешавад, то тибқи муқаррарот ба додгоҳ шикоят баранд.

"Додгоҳ танҳо баъд аз поёни тафтишот ба ин қазия расидагӣ хоҳад кард. Масъалаи ҷуброни зарар ба натиҷаи парвандаҳои ҷиноӣ вобаста аст. Ҳоло додситонҳо тафтиш доранд. Пасандозгузорон бояд нахуст ба мақомоти тафтишотӣ ва баъдан ба додгоҳ шикоят баранд", - изҳор дошт намояндаи Додгоҳи олии Ӯзбекистон.

Додгоҳи вилояти Тошканд 21 феврал Аҳмад Турсунбоевро 13 сол зиндонӣ кард. Муҳлати иҷрои ҷазои ӯ аз 16 июни соли 2016 шумурда мешавад. "Аҳмадбой" ҳамчунин як сол аз ҳаққи соҳибкорӣ маҳрум ва 52 миллиону 96 ҳазор сӯм (6300 доллар") ҷарима шуд.

Прокуратура начала составлять список пострадавших вкладчиков «Ахмадбая»
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:22 0:00

XS
SM
MD
LG