Ссылки доступа

Падари гумонбаршуда дар таҷовузи духтараш ҳангоми фирор боздошт шуд


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд марди гумонбареро, ки аз бинои додситонии шаҳри Гулистон фирор карда буд, боздошт карданд. Ин мард, ки бо гумони таҷовуз ба номуси духтараш бозпурсӣ мешуд, 24 феврал аз​ додситонӣ фирор кард.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Мирзо Олимови 40-соларо 25 феврал дар назди бозори "Панҷшанбе", дар дохили таксӣ дастгир кардаанд. Ӯ зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, дар шаҳри Гулистон зиндагӣ мекардааст.

Дар ҳоли ҳозир, додситонии Гулистон зидди Олимов бо гумони таҷовуз ба номус парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Гулчеҳра Ғоибназарова, масъули бахши иттилоотии додситонии Суғд 27 феврал гуфт, Олимов дар дастдарозӣ ба номуси духтари ноболиғаш айбдор мешавад.

Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд, дастдарозии мард баъди ҳомила шудани духтар ва огоҳ шудани модарашу муроҷиат ба беморхона ошкор шудааст. Мақомот феълан ҷузъиёти ҳодисарро пурра тасдиқ ё рад намекунанд.

XS
SM
MD
LG