Ссылки доступа

Қазоқистон ба интихоботи президентии Русия 170 нозир мефиристад


Дар интихоботи президентии Русия, ки 18 март баргузор мешавад, 170 нозир аз Қазоқистон ширкат хоҳад кард. Дар ин бора Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон хабар медиҳад.

Расонаҳои қазоқӣ аз қавли узви Комисияи интихоботӣ Зауреш Баймолдин менависанд, ки нозирони Қазоқистон дар ҳайати маъмуриятҳои ИДМ, САҲА ва Созмони ҳамкориҳои Шангхай дар интихоботи Русия ширкат мекунанд.

"Дар айни ҳол Комисияи марказии интихоботӣ бо вазорати корҳои хориҷӣ шумори нозиронро тартиб медиҳад. Намояндагони мо ба ҳайси нозирони кутоҳмуддат ба Русия мераванд", - гуфт Баймолдин.

Интихоботи президентии Русия 18 март баргузор мешавад. Дар интихобот ҳашт номзад, аз ҷумла президенти амалкунанда, рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG