Ссылки доступа

Ҷузъиёти боздошти вакили қирғиз дар телевизионҳои Қазоқистон нашр шуд (видео)


Телевизиони КТК-и Қазоқистон дар бораи боздошти қочоқбарон, аз ҷумла вакили порлумони Қирғизистон, гузориш нашр кард.

Хабарнигори телевизион бо такя ба иттилои тафтишот вакили боздоштшудаи қирғизро "роҳбари гуруҳи ҷиноии байналхалқӣ унвон кард, ки бо давр задани сарҳадбонон ва гумрукчиён аз Чин ба Қазоқистону Русия мол қочоқ мекард".

Дар барномаи телевизион гуфта шуд, ки сиёсатмадори қирғиз дар як тарабхонаи Алмато ҳамроҳ бо дӯсташ аз Қирғизистон - тоҷир Уланбек Муродилов боздошт шуд. Сарҳадбони қазоқ Емилбек Кочарбоев низ ҳамроҳи онҳо буд.

Бино ба гузориши телевизион, ҷинояткорони соҳибнуфуз дар гузаргоҳҳои марзӣ одамони худро доранд. Сарҳадбонону гумрукчиён аз мукофоти қочоқбарон соҳиби сарвати зиёд шудаанд.

"Бо пулҳои аз роҳи ифлос ҷамъкарда қаср сохтанд, мошин хариданд. Бархе аз онҳо ҳатто соҳиби аспҳои беҳтарин шуданд. Аммо аз ҳама бештар вакили порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулу соҳиби сарват шудааст, ки ҳамаи сохторҳои қочоқбарро зери назорат дошт", - хабар дод телевизион.

15-16 феврал дар як амалиёти махсус дар Қазоқистон 29 одамро боздошт карданд. Миёни онҳо се шаҳрванди Қирғизистон, бо шумули вакили порлумон Дамирбек Асилбек уулу низ ҳаст. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки вакили порлумони қирғиз ҳамзамон шаҳрвандии Қазоқистонро дорад.

XS
SM
MD
LG