Ссылки доступа

Даҳҳо зани эронии норозӣ аз ҳиҷоби иҷбориро зиндон таҳдид мекунад


Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) гуфт, даҳҳо зани эронӣ, ки баъди эътироз зидди ҳиҷоби иҷборӣ боздошт шуданд, эҳтимол дорад, ҳукми зиндон бигиранд. Пештар мақомоти Эрон занҳоеро боздошт карданд, ки дар кӯчаҳо бо нишони эътироз ҳиҷобашонро кашида буданд.

Пулиси Эрон дар як изҳороти расмӣ рӯзи 23 феврал эълон кард, занҳое, ки зидди қонун эътироз мекунанд, бо моддаи "ташвиқ ба фасодкорӣ ва фоҳишагӣ" айбдор хоҳанд шуд. Ин модда то 10 соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Amnesty International мегӯяд, тасмими пулис даҳҳо занро бо хатари зиндонӣ шудан рӯ ба рӯ кардааст. Ба гуфтаи созмон, сар аз моҳи декабр ба ин тараф танҳо дар шаҳри Теҳрон бештар аз 35 зан бо гумони ширкат дар эътирозҳои зидди ҳиҷоб боздошт шудаанд.

Ҳафтаи гузашта дар Теҳрон ду зани дигар бо гумони эътироз зидди пӯшидани ҳиҷоби иҷборӣ боздошт шуд.

Дар Эрон баъд аз инқилоби исломӣ дар соли 1979 пӯшидани ҳиҷоб барои занҳо ҳатмӣ шуд. Занҳо вазифадоранд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мӯи сар ва тамоми баданашонро бипӯшонанд.

XS
SM
MD
LG