Ссылки доступа

Раҳбари "Азия-тур" дар азхудкунии моликияти "Лен Ху А" айбдор мешавад


Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Каромат Содиқова, молики ширкати "Азия-тур"-ро дар асоси баҳси пулии соли 2016 бо ширкати чинии “Лен Ху А” боздошт кардааст. Зидди ӯ аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз ва тафтишот оғоз шудааст.

Як манбаъи наздик ба тафтишот гуфт, ки соҳибкор Каромат Содиқова 24 феврал боздошт ва зиддаш бо бандҳои“қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” ва “тақаллубкории санадҳои ҳуқуқӣ” айб эълон гаштааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Каромат Содиқова бар асоси шикояти молики ширкати “Лен Ху А” ва “Маркази фарҳангии Хитой дар Тоҷикистон” Ҷен Ху А боздошт шудааст, ки раҳбари ширкати “Азия-Тур”-ро дар тақаллуби ҳуҷҷат ва аз даст рафтани корхонаи истихроҷи сурмааш бо арзиши 1 миллион доллар, айбдор кард. Аризаи шаҳрванди Чинро шахси боэътимоди ӯ ба Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсия тақрибан як моҳ қабл пешниҳод карда буд.

Ҷен Ху А моҳи сентябри соли 2016 гуфта буд, ки роҳбари “Азия-тур” -- як ширкати коршарикаш бо тақаллуби чанд ҳуҷҷат корхона ва чанде аз моликияти дигари ӯро гирифтааст ва ҳамакнун корхонаи ӯ дар гарави “Ориёнбонк” дармондааст.

Ба гуфтаи Ҷен Ху А, аз худ кардани моликияти ӯ як нақшаи қаблан тарҳрезишудаи “Азия-тур” ва бонк аст. Каромат Содиқова гӯиё бо як “мактуби кафолатии тақаллубӣ” аз “Ориёнбонк” наздик ба як миллион сомонӣ қарз гирифта, онро барнагардондааст. Дар натиҷа бонк пардохти қарзи ин ширкатро аз соҳибкори чинӣ Ҷен Ху А талаб кардааст.

Ин соҳибкори чинӣ гуфт, ду сол аст бо Каромат Содиқова ва “Ориёнбонк” дар додгоҳ баҳс дорад. Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе ва Додгоҳи олии иқтисодӣ моликияти марбут ба ин соҳибкори чинӣ нахуст ҳабс ва баъдан, ба гуфтаи Ҷен И Ху А, бо нархи даҳҳо баробар арзон ба Каромат Содиқова фурӯхта шудааст.

XS
SM
MD
LG