Ссылки доступа

Зидди муовини пешини додситони кулли Ӯзбекистон парванда боз шуд


Дар Ӯзбекистон зидди муовини пешини додситони кулли ин кишвар полковники 45-солаи адлия Улуғбек Суннатов, ки 24 феврал боздошт шуд, парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Улуғбек Суннатов, ки аз охирҳои соли 2017 додситони вилояти Тошканд буд, 5 январи соли равон бо фармони президенти Ӯзбекистон барои "ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ додан" аз мақомаш барканор гашт.

Масъулони Додситонии кулли Ӯзбекистон мегӯянд, Суннатовро дар доираи парвандаи ҷиноие дастгир кардаанд, ки зидди додситони кулли пешини ин кишвар Рашид Қодиров боз шудааст. Расонаҳо аз боздошти худи Қодиров 22 феврал хабар дода буданд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар Додситонии кулли Ӯзбекистон, дар ҳоли ҳозир, Улуғбек Суннатов дар "сӯистифода аз мақоми хидматӣ" ва "гирифтани пора" айбдор мешавад.

Суннатовро ҳамчунин аз мақоми раҳбарии Ассосиатсияи миллии паролимпии Ӯзбекистон барканор кардаанд.

Як масъули Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон 26 феврал ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Улуғбек Суннатовро баъд аз баёноти Рашид Қодиров зидди раиси пешини Хадамоти аминияти Ӯзбекистон Рустам Иноятов боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG