Ссылки доступа

Мақомоти қазоқ "зиёдаравиҳо"-ро дар масъалаи "боло бурдани мақоми забони қазоқӣ" рад мекунанд


Вазири иттилоот ва иртибототи Қазоқистон Даврон Абаев дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, масъалаи ба забони қазоқӣ сурат гирифтани ҷаласаҳои ҳукумату порлумон "бе зиёдаравӣ" ҳал мешавад.

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон рӯзи душанбе дар мулоқот бо вазири иттилоот ва иртибототаш Даврон Абаев дастур дод, ки "корҳо дар самти боло бардоштани мақоми забони қазоқӣ идома ёбанд". Дар ҷаласаи рӯзи 27 феврали ҳукумат қисми бештари гузориши вазирон бо забони қазоқӣ қироат шуд.

Бар асоси қонунгузорӣ, забони қазоқӣ мақоми давлатиро дорад. Дар муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ забони русӣ дар баробари забони қазоқӣ мавқеи расмӣ дорад.

"Президент ҳамеша таъкид мекунад, ки мо мавқеи забонҳои русиву қазоқиро набояд танг кунем. Ин масъалаест, ки марҳила ба марҳила ҳали худро пайдо мекунад", - гуфт Даврон Абаев.

Ба гуфтаи вай, манъи истифодаи забони русӣ дар ҳукумат аслан баррасӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG