Ссылки доступа

"Boris Nemzov Plaza" - нишонии нави сафорати Русия дар Вашингтон


Борис Немтсов
Борис Немтсов

Дар севумин солгарди куштори сиёсатмадори маъруфи мухолифи рус Борис Немтсов шаҳри Вашингтони ИМА соҳиби нишонии наве бо номи ӯ шуд.

Ба номи Немтсов гузоштани майдони назди сафорати Русияро дар Вашингтон сенатори ҷумҳурихоҳ аз Флорида Марко Рубио соли 2016 пешниҳод кард ва шӯрои шаҳрӣ низ моҳи январи имсол онро пазируфт.

Дар маросими номгардонии майдон духтари сиёсатмадори кушташудаи рус Жанна Немтсова, муовини раиси ҳаракати "Русияи боз" Владимир Кара-Мурза, Марко Рубио, ҳамраиси Комисияи хелсинкии ИМА сенатор Роҷер Уикер ва шахсони расмии дигари ИМА иштирок доштанд.

Бино ба иттилои "Садои Амрико", нишонии нави сафорати Русия дар ИМА мақомоти Москваро ба хашм овард. Аз ҷумла, раиси кумитаи умури байналмилалии порлумони Русия Леонид Слутский моҳи январи соли равон гуфт, мақомоти Амрико ин амали дағалонаро барқасди мақомоти кишвараш анҷом доданд.

Борис Немтсовро 27 феврали соли 2017 дар болои Пули калони рӯди Маскав парронданд. ИМА дар севумин солгарди куштори Немтсов аз мақомоти Русия даъват кард, ки тамоми дастандаркорони куштор, аз ҷумла фармоишгарони онро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ бикашад.

XS
SM
MD
LG