Ссылки доступа

Ситораҳои санъати ӯзбек дар рӯзҳои сафари Мирзиёев дар Душанбе ҳунарнамоӣ мекунанд


Фаррух Зокиров
Фаррух Зокиров

Фаррух Зокиров, овозхони маъруфи Ӯзбекистон ва раҳбари дастаи ҳунарии "Ялла" дар якҷоягӣ бо шуморе аз овозхонони​ маъруфи он кишвар дар консерти устодони ҳунари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор аст дар даҳаи аввали моҳи март дар Душанбе баргузор шавад, иштирок мекунад.

Фаррух Зокиров рӯзи 27-уми феврал гуфт, қарор аст дар барномаи муштараки ҳунарӣ ҳунармандони дигари ӯзбекистонӣ, аз ҷумла Юлдуз Усмонова ва Шералӣ Ҷӯраев ва дигарон ҳунарнамоӣ намоянд.

Фаррух Зокиров дар ин сӯҳбат гуфт, ки аз беҳтар шудани равобит миёни ду кишвар хушҳол аст ва аз муддатҳо ба ин тараф дар Тоҷикистон набуд, вале ҳамеша бо муҳаббат ёди ин кишвар мекард. "Душанберо хеле ҳам ёд кардам", - гуфт вай. ​

"Ин як иқдоми беҳтарин аст. Зеро дӯстии мо қадима буда ва мо муштаракоти зиёде дорем. Мо ҳамсоя ҳастем. Ахиран ҳукуматҳои ҳар ду кишвар барои беҳбуди равобит музокироти зиёде анҷом доданд. Масалан, рӯзи 24-уми феврал дар Фарғона ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо раҳбарии нахуствазирони ду кишвар мулоқот доштанд. Ҳамон тавре, ки ман медонам, ин музокирот тӯлонӣ, вале хушбинона анҷом шуд. Ҳамон тавр, ки президенти мо гуфт, бояд бо ҳамсояҳои худ робитаҳои ҳасана дошта бошем", - афзуд Зокиров.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2000 ба сарояндагони ӯзбек Фаррух Зокиров ва Мардон Мавлонов унвони фахрии "Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон"-ро тақдим карда буд.

XS
SM
MD
LG