Ссылки доступа

Президент шудан намехоҳам, барои онки худатон медонед (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 27-уми феврали 2018 (HD)

- Президент шудан намехоҳам, барои онки худатон медонед. Тоҷикистон соли 2020 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дорад. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар як сӯҳбати сарироҳӣ аз чанд раҳгузар пурсид, ки президент шудан мехоҳанд. Ҷавобҳои ҷолиб гирифт. Шумо ҳам бубинед ва бигӯед, ки дар Тоҷикистон имкони президент шудани ҳар нафар ҳаст? (видео)

- Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир дар Бадахшон. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ошкор шудани як гуруҳи ҷиноӣ дар Бадахшон хабар дод. Дафтари матбуоти ин ниҳод шоми 26 феврал бо пахши як гузориш аз тариқи телевизионҳои давлатӣ гуфт, аз аъзоёни ин гуруҳи ҷиноӣ теъдоди зиёди яроқ ва маводи мухаддир мусодира карда шудааст. (видео)

- "Раҳматилло Зоиров дар бемористон бистарӣ шуд". Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал – демократ ва мушовири собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли гузашта мавриди ҳамла қарор гирифта буд, дар бемористон бистарӣ шудааст. (видео)

- "Муассисаи пӯшида" ё бозори телефонҳои дасти дувум дар Тоҷикистон?Талоши пайдо кардани телефони аздастрафта ба як таҳқиқоти журналистӣ табдил шуд (видео)

- Меҳрона: Ноумед нашавед, муваффақият дар пеш аст. Меҳрона Ғайбуллоева, духтари ятими тоҷик, ки ба даври дувуми озмуни байналмилалии "Ту беҳтаринӣ" (Ты супер!) дар Русия роҳ ёфт, бо як паём ба ҳамтақдирони худ гуфт, "руҳафтода набошанд, зеро зиндагӣ идома дорад ва муваффақият дар дасти худи инсонҳост" (видео)

- Ҷудоиву даъвои волидайн Маҳастиро кушт, ё омили дигар. Дар пайи баҳси додгоҳии падару модар ва ҳам сарзаниши додрасе, духтари 18-солаи сокини Душанбе қасд ба ҷони худ карда ба ҳалокат расидааст. Дар ҳоле, ки дар фоҷеаи марги танҳо фарзанд модар ашки ҳасрат мерезад, падар ва додрас мегӯянд, гунаҳор кардани онҳо дар ин ҳодиса ҷоиз нест (видео)

- Модари Абу Муҳаммади Кӯлобӣ таблиғгари либоси миллӣ шуд. Як зани тоҷик, ки писараш чор соли пеш дар Сурия кушта шуд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо мақомот барои бонувони миёнасоли тоҷик анвои либосҳои тавсиявии миллиро тарғиб мекунад. Рӯзи 26-уми феврал Вазорати фарҳанг чанд намунаи либоси миллиро нашр кард, ки пӯшиданашон ба занҳои тоҷик машварат дода мешавад (видео)

- Дар Тоҷикистон фурӯши замин расмӣ мешавад. Ба зудӣ дар Тоҷикистон дар баробари чандин навъи бозор -- бозори чорво, бозори мошин ва даҳҳои дигар, "бозори замин" арзи вуҷуд мекунад (видео)

- Осиё: дар Туркманистон мардум барои орду сабӯс ҷанг мекунанд. Дар Туркманистон орд ва маҳсулоти дигар камчин шудаанд ва мардум қариб мондааст, барои ғизои чорво биҷанганд. Назарбоев ба ҳукумату порлумон дастур дод, ки танҳо бо забони қазоқӣ гап зананд, вале бисёриҳо натавонистанд. Дар Бишкек писарбачаи маъюб бар хилофи имкониятҳои маҳдудаш зиндагӣ ва каръераи худро сохт. (видео)

- «Дар роҳ бо Устод» - маҷмуаи нав дар бораи Чингиз Айтматов. Нашрияи Академияи маорифи маданӣ "Кутман таң" пайи ҳам севумин шуморааш аст, ки ба Чингиз Айтматов мебахшад. (видео)

- Зокир Алматов: Президент вазифаҳои бузургеро дар назди мо гузошт. Вазири пешини корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-полковник Зокир Алматови 68-сола ба ВКД баргашт. (видео)

- Бо $40 як моҳ зиндагӣ кардан. Модарони кӯдакони маъюб бо ҳамин миқдор маблағ як моҳ зиндагӣ мекунанд (видео)​

- Камёфт шудани орд дар Туркманистон ва навбатпоии сокинон барои сабӯс. (видеои Настоящее время)

- Фаъоли маданӣ компютерҳоро ҷамъ карда, ба кӯдакон ройгон тақсим мекунад. Сокини Алмато Равил Насифулин дар вақтҳои холӣ ба партовгоҳҳо рафта, қисмҳои коршоями компютерҳоро ҷамъ мекунад ва аз онҳо компютер сохта, ба кӯдакони хонаводаҳои камбизоат тақсим мекунад. (видеои Настоящее время)​

- Вокуниши ҳамкорони Слутский ба иддаои рӯзноманигор. Номзад ба мақоми президентии Русия аз ҳизби "Ташаббуси шаҳрвандӣ" Ксения Собчак аз болои вакили ҲЛДР Леонид Слутский шикоят кард. Слутскийро се рӯзноманигор ахиран ба озору азияти ҷинсӣ айбдор карданд, вале ӯ ин иддаоро рад кард. (видеои Настоящее время)

- Арчил Татунашвилӣ чи гуна ҷон бохт? Низои нав дар Осетияи Ҷанубӣ дар пайи марги низомии гурҷӣ. (видео аз Директ)

- Моҷарои кокаин. Парвандаи қочоқи ҳудуди 400 кило кокаин, ки аз сафорати Русия дар Аргентина пайдо шуд, то рафт бузургтар мешавад. Настоящее Время ҷузъиёти маълумот дар бораи гумонбарони аслии парвандаро нашр кард. (видео аз Директ)​

- Қадимитарин боздоштгоҳи Украина барои "маргталабон". (нигористон)​

- Дар Словакия бори аввал як рӯзноманигорро куштанд, эҳтимол барои таҳқиқотҳои рӯзноманигориаш (видео аз Директ)

-​ Се сол бе Немтсов. Дар Москва сиёсатмадорон ва фаъолони ҷамъиятӣ ёди мухолифи рус Борис Немтсовро гиромӣ доштанд (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG