Ссылки доступа

Додгоҳи Тошканд баррасии парвандаи рӯзноманигор Абдуллоевро оғоз мекунад


Додгоҳи шаҳри Тошканд 5 март баррасии парвандаи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев, блогер Ҳаёт Насриддинов ва соҳибкорон Равшан Салаев ва Шавкат Оллоҳёровро оғоз хоҳад кард.

Ба гуфтаи раҳбари Гуруҳи ташаббускори ҳомиёни ҳуқуқи мустақили Ӯзбекистон Сурат Икромов, аз ҳуқуқи Абдуллоев дар додгоҳ вакили дифоъ Сергей Майоров ҳимоят мекунад.

"Зидди ин афрод бар пояи банди 159-и кодекси ҷиноии Ӯзбекистон айб эълон шуда, феълан онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати тафтишотӣ дар шаҳри Тошканд нигаҳдорӣ мешаванд", - омадааст дар иттилоияи гуруҳ.

Абдуллоеви 44-сола дар "кӯшиши ғасби ҳукумат ва сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ" гумонбар аст ва дар сурати айбдор эълом шуданаш аз 10 то 20 сол зиндонӣ хоҳад шуд. Абдуллоев гӯиё бо номи мустаори "Усмон Ҳақназаров" барои сомонаи сиёсатмадори мухолифи фирории ӯзбек Муҳаммад Солеҳ матлаб менавиштааст.

Блогер ва омӯзгори иқтисодӣ Ҳаёт Насриддиновро кормандони Хадамоти амнияти Ӯзбекистон (ХАӮ) моҳи октябри соли гузашта боздошт карданд. Ӯ низ дар бораи низоми бонкии Ӯзбекистон матлабҳои танқидӣ менавишт.

Ба гуфтаи масъулони ХАӮ, соҳибкорон Равшан Салаев ва Шавкат Оллоҳёров, ки 29 сентябри соли 2017 дастгир шудаанд, ба Абдуллоев тавассути як корманди амният дар бораи вазъи ниҳодҳои олии давлатӣ иттилоъ медодаанд. Ному насаби ин корманд ифшо намешавад.

Икромов пештар гуфта буд, ки ҳамаи гумонбарон дар рафти тафтишот шиканҷа дидаанд.

XS
SM
MD
LG