Ссылки доступа

Кордкашии ду намозгузор дар яке аз масҷидҳои Қирғизистон


Пулиси Қирғизистон ҳамла ба имоми пешини яке аз масҷидҳои ноҳияи Узгени вилояти Ӯшро таҳқиқ мекунад. Бино бар иттилои мақомот, 26 феврал дар масҷиди яке аз деҳаҳои ноҳияи Узген ду мард муноқиша карданд. Дар ин муноқиша яке аз онҳо корд истифода бурд.

Бино бар иттилои муқаддамотӣ, муноқишаи намозгузорон дар пайи баҳси закот сурат гирифтааст.

Қозии вилояти Ӯши Қирғизистон Самидин Атобоев гуфт, ду намозгузори ҷанҷолӣ ҳаққи дахолат кардан ба ҷамъоварии закотро надоранд. Самидин Атобоев мегӯяд, баҳси онҳо ба хотири закот набуд.

Марди дар ин муноқиша маҷруҳшуда дар бемористони вилояти Ӯш бистарӣ шуд.

XS
SM
MD
LG