Ссылки доступа

Раҳбари шабакаи қочоқи маводи мухаддир 18 сол гирифт


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мусалмон Холовро, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик, раҳбари яке аз гуруҳҳои қочоқи маводи мухаддир аст, 21 феврал 18 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳамроҳи Холов се сокини ноҳияи Ёвон низ зиндонӣ шудаанд.

Масъулони додгоҳ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин бобат худдорӣ мекунанд, вале то ҷое маълум аст, ин афрод узви гуруҳи нӯҳнафарие ҳастанд, ки маводи мухаддирро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Русия интиқол медодаанд.

​Алишер Мавлонзода, додраси додгоҳи Фирдавсӣ гуфт, ҳамаи чаҳор айбдоршуда аз 15 то 18 сол зиндонӣ шуданд. Аз шарикони Холов Диловар Гулмирзоев, мулаққаб ба “Зоирча”, Далер Гулмирзоев ва Фарҳод Шукуров ном бурда мешавад.

Муртазо Ҳайдарзода, муовини раиси Оҷонсии зидди маводи мухаддир мегӯяд, раҳбари гуруҳ Мусалмон Холовро моҳи августи соли гузашта дар натиҷаи як амалиёти муштарак бо ҳамтоёни русашон дар ноҳияи Ёвон боздошт карданд. Аъзои боқии гуруҳ, ки дар миёнашон шаҳрвандони Русия низ ҳастанд, давоми сол дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи масъулони оҷонсӣ, дар ду соли ахир 163 нафар, асосан сокинони ҷавони ноҳияи Ёвон дар ҳудуди Русия бо ҷурми харидуфурӯши маводи мухаддир боздошт шудаанд, ки маҳз бо “роҳнамоӣ”-и Мусалмон Холов даст ба ин кор задаанд.

Оҷонсии зидди маводи мухаддир мегӯяд, аъзои гурӯҳ маъмулан тавассути паёмакрасонҳое назири Viber ва WhatApp бо ҳам тамос гирифта, маблағҳои аз фурӯши мухаддирот ба даст омадаро тавассути бонкҳо ва ҳатто "пардохтҳои интернетие ба монанди "Киви кошелек" дарёфт мекардаанд.

XS
SM
MD
LG