Ссылки доступа

Шаҳрвандии тамоми мансабдорони баландпояи Қирғизистонро санҷиданианд


Вакили порлумони Қирғизистон Кенжебек Бокоев пешниҳод дорад, ки маълумоти вазорати умури хориҷӣ, кумитаи амният ва комисияи марказии интихоботи ин кишвар дар бораи боздошти ҳамкораш Дамирбек Асилбек уулу дар порлумон шунида ва шаҳрвандии тамоми мансабдорони баландпоя санҷида шавад.

"Саволҳо зиёданд, вале ба далели надоштани маълумот наметавонем ҷавоб гӯем. Чи гуна бо шаҳрвандии як кишвари дигар метавон дар мақомҳои баланди давлатӣ ифои вазифа кард? Биёед, бисанҷем. Мардум нигаронанд, ки фардо як шаҳрванди кишвари дигар метавонад президенти онҳо шавад", - изҳор дошт Бокоев 28 феврал дар ҷаласаи порлумон.

Раиси порлумони Қирғизистон Достонбек Ҷумабеков дар посух ба даъвати Бокоев гуфт, ки дар ҳоли ҳозир, тамоми маълумот дар бораи дастгир шудани Асилбек уулу дар Қазоқистон ҷамъоварӣ мешавад ва масъалаи боздошти вакил дар порлумон баррасӣ хоҳад шуд.

15 ва 16 феврал дар натиҷаи як амалиёти махсуси кормандони мақомоти қудратии Қазоқистон 29 нафар бо гумони қочоқи молу маҳсулот дастгир шуданд. Дар миёни онҳо 3 шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла вакили порлумон Дамирбек Асилбек уулу, ҳам ҳастанд.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон иттилоъ дод, ки вакили қирғиз шаҳрвандии ин кишварро ҳам дорад. Телевизиони "КТК"-и Қазоқистон 26 феврал дар як гузориши худ Асилбек уулуро раҳбари "гуруҳи ҷиноии фаромиллӣ"-е ном бурд, ки бо қочоқи мол аз Чин ба Қазоқистону Русия машғул будааст.

XS
SM
MD
LG