Ссылки доступа

Як кӯдаки 10-сола дар Ӯзбекистон аз таркиши газ маҷруҳ шуд


Дар натиҷаи таркиши газ дар яке аз манзилҳои зист дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон як кӯдаки 10-сола маҷруҳ шуд. Бино бар иттилои табибон, 65 дарсади ҷасади вай сӯхта, айни ҳол дар бемористон бистарӣ аст.

Ҳамсояҳои манзили таркида мегӯянд, дар мавсими зимистон газ бо лимит дода мешавад.

Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Андиҷон, ин ҳодиса рӯзи душанбе сурат гирифт.

"Ҳоло барқу газро ба мо дар соатҳои муайян медиҳанд. Дар манзиле, ки таркиш рух дод, газро хомӯш накарда буданд. Кӯдак ғайриинтизор чароғи хонаро рушан кард ва хона таркид. Он замон дар хона ба ҷуз аз кӯдак каси дигар набуд", - гуфт яке аз ҳамсояҳои манзили таркида.

XS
SM
MD
LG