Ссылки доступа

Навбатпоии ҳудуди 1,5 ҳазор одам дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон (видео)


Дар гузаргоҳи марзии "Достук"-и Қирғизистон бо Ӯзбекистон ҳудуди якуним ҳазор одам барои гузаштан аз марз навбат истодаанд. Бино ба хабарҳо, марзбонон ба солмандон ва занони ҳомила бидуни навбат иҷозати гузар медиҳанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон навбатпоиҳои тӯлониро дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Ӯзбекистон ба афзошии равуо ва тақвият ёфтани фаъолиятҳои тиҷории сокинони ду кишвар бастагӣ дод.

"Навбатпоиҳо дар ду тарафи марз, ҳам аз ҷониби Қирғизистон ва ҳам аз ҷониби Ӯзбекистон дида мешавад. Дар назди гузаргоҳҳо одамон ва воситаҳои нақлиёт асосан субҳгоҳ ва баъд аз нисфирӯзӣ, бахусус дар рӯзҳои баргузории бозорҳо ҷамъ мешаванд", - гуфт Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ӯзбекистон аз моҳи сентябри соли 2017 тамоми маҳдудиятҳоро дар марз бо Қирғизистон бекор кард. Аз 15 январи соли равон дар ин гузаргоҳ 10 даричаи вуруд ва хуруҷ амал мекунад. Тавонмандии гузаргоҳ 1,7 баробар афзоиш ёфта, дар як шабонарӯз ба воситаи он беш аз 7 ҳазор одам мегузарад.

XS
SM
MD
LG