Ссылки доступа

Қирғизистон 2 сол мешавад, ба Қазоқистон сафир намефиристад


Муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон Динора Кемелова гуфт, сафири нави ин кишвар дар Қазоқистон рӯзҳои наздик таъйин хоҳад шуд.

Ӯ дар ин бора 28 феврал дар посух ба суоли бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон хабар дод, ки гуфтанд, чаро соли дувум аст, кишварашон дар Қазоқистон сафир надорад.

Ба гуфтаи Динора Кемелова, сафири нав дар мувофиқа бо президенти Қирғизистон таъйин мешавад.

Сафири пешини Қирғизистон дар Қазоқистон Эсенгул Омуралиев моҳи апрели соли 2016 аз мақоми худ барканор шуда буд.

XS
SM
MD
LG