Ссылки доступа

Истеъфои як қатор мансабдорони Словакия баъди куштори рӯзноманигор Кутсяк


Дар Словакия ёвари сарвазир Мария Трошкова, котиби Шӯрои амният Вилиам Ясан ва вазири фарҳанг Марек Мадярич баъд аз куштори рӯзноманигор Ян Кутсяк дар ин кишвар аз мақомҳои худ истеъфо доданд. Мадярич гуфт, ҳатто наметавонад тасаввур кунад, ки баъд аз ин ҳодиса дар "курсии вазирӣ" чи гуна хоҳад нишаст.

Ян Кутсяк, рӯзноманигори сомонаи Aktuality.sk дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) робитаҳои эҳтимолии сиёсатмадорони Словакияро бо мафияи итолиёвӣ таҳқиқ мекард. Охирин матлаби Кутсяк 9 феврал нашр гашт, ки ба тақаллубкориҳои молиётии марбут ба як маҷмуаи истиқоматӣ дар Братислав бахшида шуда буд.

Ҷасади Кутсякро бо захми тир 25 феврал пайдо карданд ва пулис гуфт, куштори ӯ ба фаъолияти касбияш рабт дорад. "Дар Словакия бори нахуст аст, ки ба рӯзноманигор ин гуна ҳамла мекунанд", - афзуд намояндаи пулис.

Дар робита ба куштори мазкур мухолифон талаб доранд, ки вазири умури дохилӣ Роберт Калиняк ва сардори пулиси ин кишвар Тибор Гашпар ба истеъфо раванд.

XS
SM
MD
LG