Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон садҳо хонаводаро аз нӯшидани машрубот манъ карданд


Алексей Милюк, як намояндаи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки мақомот тавассути додгоҳ нӯшидани машруботро ба аъзои садҳо хонаводаи носолим манъ карданд.

Нӯшидани машрубот барои онҳо комилан манъ шудааст. Онҳо ҳақ надоранд на дар манзили худ ва на дар манзили дигарон машруб нӯшанд. Вайрон кардани тартиботи мазкур 15 рӯзи ҳабс дар пай дорад.

Қонунгузории Қазоқистон дар охири соли 2017 тағйир ёфт ва имкони манъи шаробнӯширо фароҳам овард. Дар Кодекси қонунвайронкунии маъмурии Қазоқистон омадааст, агар нӯшидани шароб сабаби сар задани қонуншиканӣ гардад, додгоҳ ҳақ дорад ба ВКД иҷозат диҳад, ки шаҳрванди мушаххасро аз нӯшидани машрубот манъ кунад.

Ба иттилои Милюк, мақомоти Қазоқистон рӯйхати 10 ҳазор хонаводаи "носолим"-ро дар ихтиёр доранд. Ҳамаи онҳо мумкин аст, аз нӯшидани шароб маҳрум шаванд. Дар соли 2017 350 хонавода ва аз ибтидои соли 2018 855 хонаводаи носолим аз шаробнӯшӣ маҳрум шуданд.

Ба иттилои вазорати тандурустии Қазоқистон, дар соли 2017 ба ҳисоби миёна ҳар сокини кишвар аз 11 то 12 литр шароб истифода кардааст. Ин нишондод нисбати кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон зиёд арзёбӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, 18 дарсади аҳолии ин кишвар вобастаи шароб дониста мешаванд: онҳо дар ҳафта бештар аз ду маротиба шароб менӯшанд.

XS
SM
MD
LG