Ссылки доступа

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз инҳисори давлат шудани Интернет норозиянд (видео)


Чаҳор ширкати мобилии Тоҷикистон -- Тселл, Билайн, Бабилон ва Мегафон бори дигар аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостаанд, шарҳ диҳад, ки "Тоҷиктелеком", ширкати марбут ба Хадамоти алоқа бар пояи кадом қонун бояд ягона ниҳоди таъминкунандаи Интернет дар кишвар бошад.

Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 28 феврал гуфт, “Тоҷиктелеком” ҳамчун ширкати мобилӣ чӣ гуна метавонад мисли монополисти яккатоз шартҳои худро ба ширкатҳои дигари мобилӣ ва интернетрасон таҳмил кунад ва боз интернетро тақсим намояд. Ӯ гуфт, Хадамоти зиддиинҳисорӣ бояд нархҳоро мушаххас намояд.

“Оё Хадамот шартномаҳои миёни ширкатҳои мобилӣ бо “Тоҷиктелеком”-ро бар асоси қонун дуруст мешуморад? Чӣ гуна як ширкат метавонад аз ширкатҳои дигар дар мақоми боло қарор бигирад? Мо мунтазири посух ба ин суолҳо аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳастем”, - мегӯяд Иркаев.

Тайи тақрибан се моҳи охир ин номаи дувуми ширкатҳои Тселл, Билайн, Бабилон ва Мегафон ба Хадамоти зиддинҳисорӣ дар ин бора аст. Номаи аввал моҳи январ навишта шуда, посухаш чанде пеш дастрас гардид. Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба пурсиши онҳо рӯшан нест.

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон пештар Интернетро аз Қирғизистон, Ӯзбекистон ё Чин харидорӣ мекарданд, вале миёнаҳои моҳи январи соли ҷорӣ Хадамоти алоқаи кишвар ба онҳо дастур дод, ки интернетро танҳо аз “Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот” -- созмони марбут ба “Тоҷиктелеком” бихаранд.

Як сармутахассиси Хадамоти алоқа моҳи январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, дарёфти интернет танҳо аз "Тоҷиктелеком" ба хотири таъмини амният аст.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2016 дар назди “Тоҷиктелеком” Маркази ягонаи коммутатсиониро низ ба роҳ монданд, ки омаду рафтаи зангҳои мобилиро танҳо аз як мурӣ танзим мекунад. Ин марказ бо арзиши 50 миллион доллар бунёд шуд ва он замон ҳам мақомот гуфтанд, ҳадаф кумак дар таъмини амнияти миллӣ дар амри мубориза бо терроризму экстремизм аст.

В Таджикистане ввели госмонополию на интернет
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:53 0:00

XS
SM
MD
LG