Ссылки доступа

ИМА 2 зодаи Қирғизистонро дар қочоқи силоҳ ба Русия айбдор мекунад


Мақомоти ИМА ду зодаи Қирғизистонро дар қочоқи силоҳ ба Чеченистони Русия айбдор мекунанд. Дар ин бора нашрияи вашингтонии WJLA бо истинод ба Associated Press иттилоъ дод.

Ба иттилои додситонии округи шарқии Вирҷиния, Тенгиз Сидиқови 28-сола ва Элдар Резвонови 28-сола, ки дар наздикии шаҳри Вашингтон зиндагӣ мекарданд, рӯзи сешанбе бо гумони қочоқ, харидуфурӯши байналмилалии силоҳ ва қонуншиканиҳои дигар дастгир шуданд.

Онҳо гӯиё мехостанд, бидуни иҷозатнома беш аз 100 дона силоҳро пинҳонӣ ва ҳамчун дастгоҳҳои маишиву рӯйкаши нишастгоҳҳои мошин ба Чеченистон интиқол диҳанд. Кормандони почта ба муфаттишон хабар доданд, ки ин ду зодаи Қирғизистон тақрибан ҳар рӯз чизе мефиристанд.

Додгоҳ баррасии парвандаи гумонбаронро қарор аст, имрӯз, 1 март оғоз кунад. Ба онҳо то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтанд, ки масъулони сафорати ин кишвар дар ИМА ҳақиқат доштани хабарро месанҷанд.

XS
SM
MD
LG