Ссылки доступа

 Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон қарз намедиҳад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 28-уми феврали 2018 (HD)

- Зане бо ҳамла ба корманди ЗАГС таҳдид кард, ки фарзандашро ба замин ҳаво медиҳад. Як ҳамлаи ногаҳонии рӯзи гузашта раиси идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсиро дар вазъи ногувор қарор дод. Парвина Раҳмонова, модари ду фарзанди хурдсол Сайёҳат Достизодаро дар утоқи корияш латту кӯб ва санадҳои муҳими рӯи миз бударо пора мекунад. (видео)

- Чӣ гуна Зарнигор дар Инстаграмм пул кор мекунад? Гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар Инстарграм яке аз шабакаҳои иҷтимоии маъруф дар Тоҷикистон пул кор мекунанд. Чӣ гуна? Дар ин видео тамошо кунед. (видео)

- Ду сол пеш дар ҷустӯҷуи номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Як узви собиқи Фронти Халқӣ гурӯҳи аз байнрафтаи замони ҷанги дохилӣ пешниҳод дорад, ки Қонуни интихобот ислоҳ шавад, то ягон нафар аз аъзои собиқи ин гурӯҳ номзадии худро ба мақоми президенти Тоҷикистон пешбарӣ кунад. Интихобот соли 2020 баргузор мешавад. (видео)

- Сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас" ҷон мегирад? Ҷалби чандин ширкатҳои сохтмонӣ барои ҳарчи зудтар бунёд шудани бинои баландошёнаи "Манзили дастрас" садҳо муштариёнашро, ки солҳо боз интизорӣ хонаи истиқоматӣ ҳастанд, дубора умедвор кард (видео аз Директ)

- Пулт дар дасти бинанда аст. Нахост, шуморо намебинад. Дар шаҳри Душанбе мақомоти расмӣ бо ҳузури хабарнигорон ва коршиносон амнияти иттилоотӣ ва кори расонаҳои давлатиро баррасӣ карданд ва гуфтанд, ки онҳо хуб кор намекунанд (видео)

- Абдураҳмон Қодирӣ: "Бо Эмомалӣ Раҳмон қудо нестам". Абдураҳмон Қодирӣ – раиси собиқи вилояти Суғд – дар як суҳбати ихтисосӣ аз Маскав гуфт, ҳанӯз дар мақоми муовини аввали раиси Маҷлиси Миллӣ боқист ва ба кори давлатиаш идома медиҳад (видео)

- "Сарбанди кӯли Сарез ба қадри кофӣ мустаҳкам аст". Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон хабарҳои баъзе аз расонаҳо дар бораи он, ки кӯли Сарез сабаби селу обхезӣ дар Афғонистон шудааст, беасос медонанд. Мутахассисони тоҷик мегӯянд иддаои мақомдорони афғон, ки гӯё баъд аз заминларза дар сарбанди кули Сарез шикоф ба вуҷуд омадааст ҳақиқат надорад (видео)

- Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон қарз намедиҳад. Тоҷикистон айни замон аз хориҷа тақрибан 2,9 миллиард доллар қарздор аст. Барои пардохти фоизҳои ин қарз кишвар дар буҷети соли 2018 беш аз 1 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст, ки барои буҷети Тоҷикистон хеле зиёд аст (видео)

- Майрамбӣ пас аз 15 сол ба дидори Тоҷикистон расид. Баъди боз шудани гузаргоҳи "Патар – Андархон" миёни Конибодоми Тоҷикистон ва Бешариқи Узбакистон даҳҳо нафар аз ду тараф ба дидори наздикони худ расидаанд. Ин гузаргоҳ пас аз тақрибан даҳ соли баста будан, ду ҳафта пеш ифтитоҳ шуд (видео)

- Узвияти Русия дар Кумитаи байналмилалии олимпӣ барқарор шуд. (видео)

- Осиё: Мирзиёев вазири "андиҷонӣ"-ро баргардонд. Вазири пешини умури дохилии Ӯзбекистон Зокир Олматов ба вазорат баргашт: Каримов ӯро баъд аз ҳодисаҳои Андиҷон барканор карда буд. Мақомоти Туркманистон ба бинокорони шоҳроҳи Ишқобод-Туркманбошӣ гуфтанд, ки корҳои сохтмониро ройгон ба поён расонанд. 6 ноҳияи вилояти Алматои Қазоқистон зери об монданд. (видео)

- Гузаргоҳҳои садҳазордолларии Қирғизистон аллакай хароб шудаанд. (видеои Настоящее время)​

- Мақомоти Қазоқистон дар обхезиҳои вилояти Алмато сокинонро айбдор карданд. (видеои Настоящее время)

- Фирор ба Қрим: кӣ ба Янукович кумак кард? 4 сол пеш, охирҳои моҳи феврал президенти пешини Украина Виктор Янукович ба Қрим фирор кард. "Қрим.Воқеият" масири ҳаракати Януковичро пайгирӣ ва қиссаи фирорашро бар пояи суханҳои шоҳидони парвандаи хиёнат ба давлати ӯ тағйир дод. (видеои Директ)​

- Зокир Алматов: Президент пеши мо вазифаҳои бузург гузошт. Вазири пешини корҳои дохилии Ӯзбекистон - Зокир Алматови 68-сола дубора ба вазорат баргашт (видео)​

- Бо $40 як моҳ зиндагӣ кардан. Модарони кӯдакони маъюб бо ҳамин миқдор маблағ як моҳ зиндагӣ мекунанд (видео)​

- Камёфт шудани орд дар Туркманистон ва навбатпоии сокинон барои сабӯс. (видеои Настоящее время)

- Фаъоли маданӣ компютерҳоро ҷамъ карда, ба кӯдакон ройгон тақсим мекунад. Сокини Алмато Равил Насифулин дар вақтҳои холӣ ба партовгоҳҳо рафта, қисмҳои коршоями компютерҳоро ҷамъ мекунад ва аз онҳо компютер сохта, ба кӯдакони хонаводаҳои камбизоат тақсим мекунад. (видеои Настоящее время)​

- Фаромадани ярч дар Боку: даҳҳо одам бехона монданд. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG