Ссылки доступа

Рахнагарони рус дар ҳамла ба ҳукумати Олмон гумонбар мешаванд


Расонаҳо хабар медиҳанд, ки шабакаҳои интернетии вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати мудофиаи Олмон мавриди ҳамлаи хаккерӣ қарор гирифтанд. Расонаҳо аз қавли манбаъҳои худ менависанд, гуруҳи Fancy Bear дар ин ҳамла гумонбар аст. Ин гуруҳро ба Русия нисбат медиҳанд.

Гуфта мешавад, рахнагарони интернетӣ ба шабакаҳои интернетии ҳукуматӣ барномаи зиёновареро ворид карда, маълумоти муҳимеро рабудаанд. Мақомоти махсуси Олмон моҳи декабри соли гузашта аз ин ҳамлаҳо огаҳ шуданд. Аз эҳтимол дур нест, ки рахнагарони гуруҳи Fancy Bear тамоми соли гузашта ба шабакаҳои интернетии ду вазорати зикршудаи Олмон ҳамла анҷом додаанд.

Гуруҳи рахнагари Fancy Bear дар солҳои 2000-ум ташкил шуда буд. Ин гуруҳ баъди рахна кардани шабакаҳои Ҳизби демократии ИМА, порлумони Олмон ва шабакаи телевизиони TV5 Фаронса, инчунин намояндагони НАТО маъруф гардид. Рахнагаронро борҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия айбор карданд. Кремл ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG