Ссылки доступа

Дар Қазоқистон зидди ронандаи автобуси чаппашуда парванда боз карданд


Дар Қазоқистон зидди Марат Бегимқулов, ронандаи автобусе, ки 25 феврал дар натиҷаи чаппа шудани он дар шоҳроҳи Чимкент-Самара 7 мусофир захмӣ шуданд, парванда боз карданд.

Як масъули пулиси вилояти Оқтеппаи Қазоқистон Айдос Кулжанов гуфт, сокини 35-солаи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Марат Бегимқулов дар нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва идораи воситаи нақлиёт айбдор мешавад.

25 феврал дар шоҳроҳи Чимкент-Самара, дар ҳудуди ноҳияи Хромтауи Қазоқистон автобусе, ки аз Русия меомад, дар натиҷаи аз уҳдаи ҳаракат набаромадани ронанда чаппа шуд. Дар ин ҳодиса 7 мусофири он - шаҳрвандони Ӯзбекистон - бо захмҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтанд. Ҷамъан дар дохили он 25 мусофир ҳузур дошт.

Ба гуфтаи Кулжанов, аз 22 январ то 18 феврали соли равон дар натиҷаи санҷишҳои пулис дар ҳудуди вилояти Оқтеппа садҳо ҳолати вайрон кардани қоидаҳои интиқоли мусофирон ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG