Ссылки доступа

Сокинони шарқи Қирғизистон зидди бунёди корхонаи истихроҷи тилоанд


Дар ноҳияи Тоғуз-Торои Қирғизистон сокинони маҳаллӣ зидди бунёди корхонаи истихроҷи тило дар ин минтақа эътироз доранд.

Раиси ноҳияи Тоғуз-Торо Тилек Идирисов гуфт, як гуруҳи сокинон ахиран ба маҳалли бунёди корхона рафтанд, то бубинанд, ки корҳои сохтмонии қатъгашта дубора оғоз шудаанд, ё не.

"Дар назди бинои фарҳанг ҳудуди 500 нафар ҷамъ шуда, 150 тани онҳо ба корхонаи мазкур рафтанд. Нахуст аъзои комисия ворид шуданд ва баъдан сокинон низ девори атрофро тахриб карда, даромаданд, то бубинанд, ки корҳо идома доранд", - афзуд Идрисов.

Дар Тоғуз-Торо сокинони маҳаллӣ 7 феврал низ бо талаби қатъи корҳои сохтмонии корхонаи истирохҷи тило тазоҳурот карда буданд. Бархеи онҳо мегӯянд, "корхона ба муҳити зист осеб мерасонад".

Вале мудири корхонаи "Ҷи Эл Макмал девелопинг" Максат Жээналиев мегӯяд, ин нигарониҳо дар робита ба зарарҳои зистмуҳитӣ беасосанд.

XS
SM
MD
LG