Ссылки доступа

Тоҷикистон Талкоро бо Чин "тақсим" мекунад


Қарор аст, то ду соли дигар фаъолияти ширкати “Талко” қатъ шуда, дар ҷойи он корхонаи нави муштарак бо Чин барои тавлиди алюминий сохта шавад. Ба гуфтаи раҳбарияти ширкати “Талко”, барои сохтмони ин корхонаи нав 1,6 миллиард доллар зарур аст.

​Игор Сатторов, роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ширкати "Талко" 1 гуфт, феълан бо дастури раҳбарони баландпояи Тоҷикистону Чин гуфтугӯҳои барои таҳияи қарордоди ниҳоӣ идома доранд. “Интизор меравад, дар зудтарин фурсат мақомот ин ҳуҷҷатро имзо кунанд”, - афзуд ӯ.

“Талко” корхонаи муштаракро бо ширкати чинии “Yunnan” бунёд хоҳад кард, ки аз собиқаи бузурги тавлиди алюминий дар кишвари худ бархӯрдор аст.

Игор Сатторов гуфт, "дар баробари сарфаи нерӯи барқ, истеҳсоли ин навъи фулузот афзоиш ёфта, корхонаи муштарак метавонад дар як сол беш аз 500 ҳазор тонна алюминий тавлид кунад. То ҳол исми корхонаи нави муштарак дар ҳоли баррасӣ аст ва, фикр мекунам, баъд аз имзои созишномаи ниҳоӣ ин мавзӯъ дақиқ хоҳад шуд”.

Ба қавли роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ширкати “Талко”, тибқи тавофуқоти аввалия сохтмони корхонаи нав дар маҳалли корхонаи ҳозираи алюминбарории Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. “Корхонаи нави муштарак дар тӯли 1 солу 8 моҳ бояд бунёд шавад. Баъд аз анҷоми сохтмони коргоҳи нав корхонаи “Талко” комилан аз байн меравад. Ҳоло наметавонам бигӯям, ки саҳми ҷониби Тоҷикистон ва Чин дар ин корхонаи муштарак чӣ маблағе хоҳад буд. Зеро ин сирри тиҷоратӣ маҳсуб меёбад”, - шарҳ дод ӯ.

"Талко"-- бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон солона даҳҳо ҳазор тонна алюминийи хом - як моли муҳими моли содиротии кишварро истеҳсол мекунад. Ин ширкат дар пайи поинравии нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ дар чанд соли охир, дучори мушкили молӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG