Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон як гуруҳи одамон бо гумони куштори харҳо боздошт шуданд


Дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Уйчини вилояти Намангони Ӯзбекистон як гуруҳи одамон бо гумони куштори харҳо боздошт шуданд. Ба гуфтаи шоҳидон, сокинони маҳаллӣ аз қатли дастаҷамъии харҳо пешгирӣ карданд.

"Дар деҳаи мо касе хар надорад. Одамон вақте шабонгоҳ садои харҳоро шуниданд, нигарон шуданд. Касе аз ҳамсояҳо нозири минтақавиро огоҳ кард. Нозир ҷасади се харро пайдо кард, ки пӯсташон аллакай канда шуда буд", - гуфт як сокини маҳаллӣ.

Гумонбарон боздошт ва дар айни ҳол бозпурсӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG