Ссылки доступа

Президенти Туркманистон 8 март ба занҳо 11-долларӣ тақдим мекунад


Туҳфаи идонаи президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба занҳои кишвараш дар Рӯзи байналхалқии занҳо соли ҷорӣ аз 40 манат, муодили 11,4 доллар, иборат хоҳад буд.

Бердимуҳаммадов 28 феврал фармонеро имзо кард, ки бар асоси он, бахшида ба Рӯзи байналхалқии занҳо аз 1 то 6 март ба занҳои кишвар 40-манатӣ тақдим карда мешавад.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ин туҳфаи идона ба занҳое, ки дар муассисаҳо, созмонҳо ва корхонаҳо фаъолият мекунанд, тақдим мешавад. Ҳамчунин нафақахӯрон, донишҷӯён, хонандагони мактаб ва боғча низ соҳиби туҳфа мегарданд.

Туҳфаи пулӣ аз номи президент дар Туркманистон ҳамасола тақдим карда мешавад. Ин маросимро тариқи телевизион низ нишон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG