Ссылки доступа

Ифтитоҳи 9 гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Ӯзбeкистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 1-уми марти 2018 (HD

- Ҷанги қурутоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Қурутоб тоҷикист ва ё муғулӣ. Мавзӯе, ки имрӯзҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ду ҷабҳа тақсим кардааст. Яке мегӯяд, қурутоб ғизои миллист, дуввумӣ мегӯяд, қурутобро тоҷикон нусха бардоштаанд (видео)

- Ифтитоҳи 9 гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Ӯзбeкистон. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки рӯзи 1-уми март дар марз бо Узбeкистон 9 гузаргоҳ расман мавриди истифода қарор гирифт. Дар миёни онҳо гузаргоҳи байналмилалии "Саразм-Ҷартеппа" низ ҳаст, ки дар канори шаҳри Панҷакент ва дар сарҳад бо Самарқанд воқеъ буда, солҳо боз баста буд (видео)

- Парчамсози ДИИШ гуфт, мехост бародарзодаи Нуриро "подстава" кунад.Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нафареро боздошт кард, ки дар омода кардани парчамҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Вахш даст дорад (видео)

- Муаззини Фархориро ба салафигарӣ муттаҳам карданд. Як сокини деҳаи Сайф Раҳим Афардии ноҳияи Фархор бо иттиҳоми "салафигарӣ", боздошт шудааст. Мақомот ин сокини Фархорро ҳудуди як моҳ қабл боздошт карда буданд. Наздикон ва ҳамдеҳаҳои Карим Абдуллоев мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ робитае ба "салафият" надорад (видео)

- Чӣ гуна Зарнигор дар Инстаграмм пул кор мекунад? Гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар Инстарграм яке аз шабакаҳои иҷтимоии маъруф дар Тоҷикистон пул кор мекунанд. Чӣ гуна? Дар ин видео тамошо кунед (видео)

- Осиё: дар кишварҳои СПАД низомиёни хусусӣ пайдо мешавад?Қазоқистон зидди таъсиси пойгоҳҳои низомии шахсӣ дар кишвараш. 30 ҳазор мансабдори Қирғизистон, аз ҷумла президент ва сарвазир дар интизори имтиҳон аз забони давлатӣ. Путин дар бораи аслиҳаи нави Русия ва чи гуна истифода шудани онҳо. (видео)

- 30 ҳазор мансабдори Қирғизистон бо шумули президент аз забони давлатӣ имтиҳон месупоранд. (видеои Настоящее время)

- Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон чанд гузаргоҳ дубора боз шуданд. (нигористон)

- Порлумони Арманистон бори нахуст президенти ин кишварро интихоб мекунад​. (видеои Настоящее время)​

- Киев варзишгаронашро ба Бозиҳои паролимпӣ чи гуна гусел кард. (нигористон)

- Дар Қизилорда хобгоҳе фурӯ рехт (видео)

- Путин гуфт, ки дар давраи нави президентияш чи кор мекунад. (видео аз Директ)​

- "Парвандаи кокаин": фарзияи расонаҳои Аргентина дар бораи ВКХ Русия. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG