Ссылки доступа

Дар Ғутаи Шарқӣ "Танаффуси башардӯстона"-и севум ҳам риоя нашуд


Фиристодаи махсуси СММ оид ба умури башардӯстона Ян Эгеланн дар нишасти Женева гуфт, вазъ дар Ғутаи Шарқии Сурия бо вуҷуди қабули қатъномаи оташбас бадтар мешавад.

Ӯ роҳҳои башардӯстонаеро, ки Русия дар ҳамроҳӣ бо ҳукумати Сурия ташкил кардаанд, бесамар номид. Ба гуфтаи Эгеланн, дар як рӯз барои ихроҷи сокинони маҳаллӣ ба минтақаҳои бехавф ва расонидани кумаки башардӯстона 5 соат кофӣ нест.

Рӯзи панҷшанбе дар Ғутаи Шарқӣ бори севум танаффуси ба истилоҳ "башардӯстона" нақз шуд. Русия дар он шӯришгарони маҳаллӣ - мухолифони режими Башор Асадро, ки ба гуфтаи Кремл, "террорист" ҳастанд, айбдор кард.

Худи шӯришгарон пештар гуфта буданд, ки Русия наметавонад ҳангоми ихроҷи сокинон амниятро таъмин кунад. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Маркази назорати ҳуқуқи инсон дар Сурия низ гуфтанд, ки роҳҳои башардӯстонаи ташкилшуда корсоз нестанд.

Охирҳои моҳи феврал дар Ғутаи Шарқӣ тайи чанд рӯз садҳо сокини осоишта ҷон бохтанд. Шӯрои амнияти СММ дар пайи он қатъномаи эълони оташбаси 30-рӯзаро дар Сурия қабул кард. Вале Русия талош дорад, он ба минтақаҳои зери раҳбарии шӯришгарон иҷро нашавад.

XS
SM
MD
LG