Ссылки доступа

Дар Қирғизистон "милитсия"-ро "пулис" карданианд


Сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов гуфт, дастур додааст, ки имкони тағйири милитсияро ба пулис дар кишвараш биомӯзанд.

Исҳоқов афзуд, ки сухан дар бораи тағйири механикии мақомоти умури дохилии Қирғизистон намеравад. Ба гуфтаи ӯ, милитсия ниҳоди низомиест, ки ба ҷомеа таъсири кам дорад ва вазифаи пулис аз иртибот бо шаҳрвандон иборат аст.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ мақомоти умури дохилиро "милитсия" меномиданд. Баъд аз пошхӯрии иттиҳод баъзе аз кишварҳои пешини шӯравӣ "милитсия"-ро ба "пулис" иваз карданд. Ин тағйирот дар Қазоқистон соли 1998 ва дар Русия соли 2011 сурат гирифт. Вазири умури дохилии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов соли гузашта гуфта буд, ки дар кишвараш дигар истилоҳи "милитсия"-ро ба кор намебаранд ва ба ҷои он "мақомоти умури дохилӣ" мегӯянд.

Сарвазири Қирғизистон 9 ноябри соли 2017 Раёсати нозирони милитсияро барҳам дода, ба ҷои он Раёсати таъмини амнияти ҳаракат дар роҳро таъсис дод.

Ҷаримаҳои ҳангуфт ё дурбинҳои назоратӣ. Шумори садамаҳоро дар роҳҳои Қирғизистон чӣ метавонад кам кунад? (ноябри соли 2017):

XS
SM
MD
LG