Ссылки доступа

Меъёри қабул ба донишгоҳ чӣ бошад - дониши кофӣ ё мавқеи сиёсӣ?


Навиштани эссе дар мавзӯи "Пешвои миллат- ҳомии миллат" ва ё "Пайравони Пешвои миллатем!" метавонад яке аз имтиҳонҳо барои довталабони мактабҳои олии кишвар шавад.

Навиштани эссе ё иншо имсол барои ҳамаи довталабони таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон ҳатмӣ шуд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон номгӯи мавзӯҳои эссеро тасдиқ кард. Дар феҳрасти тасдиқшудаи номгӯи мавзӯъҳо дар баробари мавзӯҳо аз адабиёт, инчунин 60 мавзӯи озод низ пешниҳод мешавад, ки аксарияти онҳо аз мавзуҳои марбут ба ватандӯстӣ иборат ҳастанд.

Дар аввали ин феҳристи мавзӯҳои озод, мурратибон мавзӯҳои "Пешвои миллат- ҳомии миллат", "Пайравони Пешои миллатем!"-ро пешниҳод кардаанд. Дар баробари ин дар ин феҳраст, мавзӯҳоеро ба мисли "Ман ориёиям ва бо ин фахр мекунам", "Либосҳои миллӣ -- тараннумгари фарҳанги миллат", "Танзими расму оинҳо - осоиши зиндагӣ" пешниҳод мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 сари қудрат аст ва дар ин охирҳо бахусус баъди қабули қонун дар бораи “Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ”, ки ҳузури ӯро сари қудрат доимӣ мекунад, мунаққидон инро ҳамчун яккаҳумронӣ интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG