Ссылки доступа

Шавкат Мирзиёевро дар Душанбе 12 ҳазор донишомӯз пешвоз мегиранд


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистонро дар нахустин сафари расмиаш ба Тоҷикистон 12 ҳазор хонандаи мактаб ва донишҷӯ истиқбол хоҳанд гирифт. Манобеи ҳукуматӣ ва баъзе аз расонаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон гуфтанд, ба эҳтимоли зиёд Мирзиёев 9 ба Душанбе меояд.

Як манбаъ дар ҳукумати пойтахт 3 март гуфт, ҳоло донишҷӯёну хонандагони мактаб шеваи истиқбол аз президенти Ӯзбекистонро тамрин мекунанд.

"Тамрин асосан аз маҳалли фурудгоҳ то кӯчаи Айнӣ (гардиши фарудгоҳ) ҷараён дорад. Азбаски идомаи роҳи рафтани Мирзиёев ба Қасри Миллат маълум нест, тамрин дар ҷойҳои дигар сурат намегирад. Ҳамаи донишомӯзон дар даст парчам доранд ва, албатта, ба нишони эҳтиром ва пазироӣ даст боло мекунанд", - афзуд ӯ.

Як донишҷӯи тоҷик, ки ин рӯзҳо дар "маршировка"-и бахшида ба истиқболи Мирзиёев дар Душанбе иштирок дорад, гуфт, ба онҳо дастур шудааст, ки писарон бо куртаву галстук ва духтарон бо либоси миллӣ, аз ҷумла атласу чакан, ҳозир шаванд.

"Ин маъракаи бисёр муҳим гуфта шуд ва ҳатто ҷараёни тамринро вазири маориф ва илм назорат мекунад. Дар ду тарафи роҳ сеқаторӣ донишҷӯёну хонандагон истода, раиси ҷумҳури Ӯзбекистонро "хуш омадед" мегӯянд", - нақл кард мусоҳиби мо.

Мақомоти Тоҷикистон низ пинҳон намекунанд, ки сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе муҳим аст. Ҳафтаи гузашта Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки "ин сафари муқаррарӣ набуда, таърихӣ хоҳад буд. Як гардиши куллӣ дар муносибатҳои неки ду кишвар мешавад".

XS
SM
MD
LG