Ссылки доступа

Рӯзноманигори ӯзбек Рӯзимуродов баъди 19 сол аз зиндон озод шуд


Дар Ӯзбекистон рӯзноманигор ва фаъоли ҳизби мухолифи "Эрк" Юсуф Рӯзимуродовро аз маҳбаси шаҳри Чирчиҷ озод карданд. Дар ин бора қарори додгоҳи ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд 22 феврал содир шуд.

Рӯзимуродови 54-сола, ки соли 1999 зиндонӣ шуда буд, пеш аз муҳлат озод гаштааст. Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ Исмоил Одилов, наздикони рӯзноманигор гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир, вазъи саломатии ӯ хуб аст.

Юсуф Рӯзимуродов 16 феврали соли 1999, баъд аз рух додани таркише дар шаҳри Тошканд боздошт ва дар "Сӯиқасд ба ҷони президент" ва "Кӯшиши ба ҳам задани сохти конститутсионии Ӯзбекистон" айбдор шуд. Додгоҳи вилояти Тошканд ӯро 15 сол зиндонӣ кард. Баъдтар муҳлати ҷазои рӯзноманигорро боз дароз карданд.

Рӯзимуродов то замони зиндонӣ шуданаш ба ҳайси омӯзгори забону адабиёти русӣ ва хабарнигори нашрияи мухолифи "Эрк" фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG