Ссылки доступа

Президенти Ӯзбекистон рафтани мансабдоронро ба тӯйҳо манъ кард (садо)


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ахиран дар як ҷаласаи худ хабар дод, ки Сенати ин кишвар бо судури як қарор рафтани мансабдорони давлатиро ба тӯйҳо манъ хоҳад кард.

Сабти суҳбати Мирзиёев 2 март дастраси Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ шуда, ба эҳтимоли зиёд, ин нуктаро ӯ 27 феврал дар як ҷаласаи худ дар шаҳри Тошканд баён доштааст.

Мирзиёев мегӯяд, барои мансабдорони давлатӣ тамоми шароитро фароҳам кардааст, то содиқона кор кунанд ва ҳоло замоне расидааст, ки аз онҳо хидмати одилонаро ба мардум талаб кунад.

"Фардо қарор содир мешавад. Рафтани вазирон, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, намояндагони мақомоти иҷроия ба тӯйҳо манъ хоҳад шуд. Агар мошини мансабдореро бо рақамҳои давлатӣ дар назди чойхонае бинам, худи ҳамон рӯз ӯро барканор хоҳам кард", - изҳор дошт президенти Ӯзбекистон.

Ба гуфтаи Мирзиёев, ӯ имрӯз талош дорад, барои решакан кардани коррупсия баргузор намудани тӯйҳои бодабдаба ва рафтани мансабдоронро ба онҳо манъ кунад.

"Ягон мансабдор, бо шумули ман ба ҷашни зодрӯз ё тӯй намеравад. Он замонҳо гузаштанд! Ин ҳама мардумро ба ғазаб меорад. Ҷашни зодрӯзу тӯйҳо минбаъд бе иштироки мансабдорон мегузаранд. Сарвазир ҳамроҳи тамоми муовинонаш ба тӯй меравад ва ҳама рост меистанд. Ту ба ҷои он 20 кило гӯште, ки сарф мекунӣ хонаи камбизоатеро ранг бикун ё барояш телевизор бихар", - изҳор дошт Мирзиёев.

Ба гуфтаи ӯ, бар пояи қарори нави Сенати Ӯзбекистон, соҳиби тӯй ҳақ дорад, ба оши наҳор то 200 касро даъват кунад.

Загрузить файл

XS
SM
MD
LG