Ссылки доступа

Дар Словакия куштори рӯзноманигор ҳукуматро гирифтори буҳрон кард


Президенти Словакия Андрей Киска дар робита ба таҳдидҳои буҳрони сиёсӣ дар пайи куштори рӯзноманигор Ян Кутсиак хост, дар ҳайати ҳукумати ин кишвар тағйирот ворид ё интихоботи порлумонии пеш аз муҳлат баргузор карда шавад.

Киска ҳукумати Словакияро ба "ҳавобаландӣ ва такаббурӣ" айбдор кард. Ба гуфтаи президенти Словакия, ӯ тайи ҳафтаи гузашта қасдан хомӯш буд, то бубинад, ки ҳукумати кишвараш барои барқарор кардани боварии мардум чи тадбирҳои сиёсӣ хоҳад андешид.

Вале ба гуфтаи ӯ, то ҳол пешниҳоде ироа нашудааст. "Бархеҳо истеъфо доданд, аммо барои берун бурдани кишвар аз буҳрони боварӣ ҳеч гуна нақшае ироа нашуд", - гуфт президенти Словакия.

Рӯзноманигор Ян Кутсиакро 25 феврал ҳамроҳи дӯсташ Мартина Кушнирова куштанд. Чанд рӯз баъд вазири фарҳанги Словакия Марек Мадарич истеъфо дод. "Ман ҳамчун вазир наметавонам қабул кунам, ки дар замони сари вазифа будани ман рӯзноманигореро куштанд", - гуфт Мадарич.

Сабабҳои куштори рӯзноманигор то ҳол маълум нестанд, вале ҳамкоронаш мегӯянд, Кутсиакро барои таҳқиқоте куштанд, ки бо он машғул буд. Рӯзноманигор нуфузи мафияи итолиёиро ба ҳукумати Словакия таҳқиқ мекард. Аз ҷумла, ӯ сарвазири Словакия Роберт Фитсоро дар робита доштан бо соҳибкорони наздик ба як мафияи итолиёвӣ айбдор карда буд.

XS
SM
MD
LG