Ссылки доступа

Дар садамаи нақлиётии Қазоқистон 7 ӯзбекистонӣ ҷон додаанд (видео)


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон мегӯяд, ҷасади ҳафт шаҳрванди ин кишвар, ки дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон ҷон бохтанд, рӯзи якшанбе ба вилояти Хоразм оварда шуданд.

Ёдрас мешавем, 1 март дар шоҳроҳи "Актау-Бейнеу"-и вилояти Мангистауи Қазоқистон як мошини сабукрав бо мошини боркаше бархурд. Дар натиҷа ҳафт одам ҷон доданд.

Рӯйхати пешакии ҳалокшудаҳо 2 март нашр шуд ва шаш тани онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон буданд. Рӯзи 4 март ба ин рӯйхат номи як ӯзбекистонии дигар ҳам илова гашт.

Дертар дар Интернет наворе нашр шуд, ки нишон медиҳад, мошини сабукраве дар пайи бархурд бо мошини боркаш оташ мегирад. Дар дохили ин мошин шаҳрвандони Ӯзбекистон қарор доштанд.

XS
SM
MD
LG